Дар Китобхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб Рӯзи Ғалаба таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06. 05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 72-солагии Рӯзи Ғалаба дар Китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб вохӯрии хонандагон бо собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид.
Ба иттилои Вазарати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Асадулло Қурбонов ва иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ғулом Шарипов ҳузур доштанд.
«Меҳмонон аз хотироти давраи ҷанг ва баъдиҷангии хеш ба иштирокчиёни ҷамъомад нақл намуданд. Суҳбати самимии ҷанговарони қаҳрамон бори дигар ба баланд бардоштани рӯҳия ва ифтихори ватандӯстию ҷавонмардии наврасон мусоид намуд, зеро ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони ҷанг ҳар як фарди тоҷикро ба корҳои ободонию созандагӣ ва шукуфоии Ватан ҳидоят менамояд»,-хабар доданд аз Вазарати фарҳанг.
Ҷашни Рӯзи Ғалаба барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳу сулҳпарвар муқаддас буда, пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба хонандагони фаъол ва меҳмонон туҳфаҳои хотиравии Китобхона тақдим карда шуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






