Дар Кумитаи рушди маҳал лоиҳаҳои бо маблағгузории JlCA амалишаванда баррасӣ гардиданд

Май 15, 2017 17:48

ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Роҳбари навтаъйини ташкилоти японии JlCA Хидеки Танабе ва ҳамоҳангсози миллии ин ташкилот Ш.Маҳмудов вохӯрӣ  баргузор шуд.

Тавре аз Кумита хабар доданд, муовини раиси Кумитаи рушди маҳал Т. Ҷуразода дар вохӯрӣ доир ба вазифаҳои низомномавии Кумитаи рушди маҳал ва иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   сухан гуфта, пешниҳод намуд, ки иқтидору самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баланд бардошта шавад.

Хидаке Танабе оид ба лоиҳаҳое, ки айни замон бо маблағгузории ташкилоти японии JlCA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи маҳал татбиқ шуда истодаанд, маълумот дода, оид ба ҳамкории минбаъда таклифҳо  пешниҳод  намуд.

Тарафайн ба созиш омаданд, ки минбаъд робитаҳоро пурзӯр намуда, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориро дар сатҳи маҳалҳо  идома медиҳанд.

 

Май 15, 2017 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд