Дар ноҳияҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун кӯдакон ба эмгузаронии иловагӣ бар зидди сурхча ва гулафшон фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун то имрӯз аз 83 ҳазору 47 нафар кӯдакони аз яксола то нуҳсола 59 ҳазору 147 нафарашон ба эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон фаро гирифта шуданд.
Дар ин бора директори филиали Муассисаи давлатии «Иммунопрофилактика» дар минтақаи Рашт Талбихуҷа Садриддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷиҳати сари вақт баргузор намудани эмгузаронӣ аз тарафи муассисаи мазкур барои кормандони бунгоҳҳои саломатии деҳот шароити хуб муҳайё карда шуд ва дар муддати се рӯз 71 фоизи нақша иҷро гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






