Дар ноҳияи Лахш бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
ЛАХШ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ҳамоиш ҷавонони ноҳия иброз намуданд, ки ҳамеша сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд ва насиҳатҳои падаронаи Пешвои миллатро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона месозанд.
Донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии ноҳия ҳунари дастии хешро ба намоиш гузоштанд








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






