Дар ноҳияи Рашт Рӯзи оила ботантана таҷлил гардид

Май 13, 2017 08:53

РАШТ, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки беш аз 500 нафар сокинони ноҳия ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила, ки 15 май таҷлил мешавад,  ҷамъомад доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад тӯйи 14 ҷуфт навхонадорон баргузор гардида, ба се нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд дода шуд. Инчунин ба 14 ҷуфт навхонадорон ва 8 оилаи намунавии ноҳия аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Зимни ҷамъомад ороиши дастурхони хонавода, анвои гуногуни нон ва таомҳои миллӣ, либосҳои арӯсии қадимӣ ва замонавӣ, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили қолинбофию адрасбофӣ ва дигар дастовардҳо ба тамошо гузошта шуданд.

Май 13, 2017 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид