Дар ноҳияи Рашт Рӯзи оила ботантана таҷлил гардид
РАШТ, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки беш аз 500 нафар сокинони ноҳия ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила, ки 15 май таҷлил мешавад, ҷамъомад доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад тӯйи 14 ҷуфт навхонадорон баргузор гардида, ба се нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд дода шуд. Инчунин ба 14 ҷуфт навхонадорон ва 8 оилаи намунавии ноҳия аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Зимни ҷамъомад ороиши дастурхони хонавода, анвои гуногуни нон ва таомҳои миллӣ, либосҳои арӯсии қадимӣ ва замонавӣ, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили қолинбофию адрасбофӣ ва дигар дастовардҳо ба тамошо гузошта шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






