Дар ноҳияи Ванҷ бинои нави мактаб барои 640 хонанда бунёд мешавад
ХОРУҒ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати кишвар барои боз ҳам баланд бардоштани шароити таҳсил дар мактабҳои ноҳияи Ванҷ тадбирҳои мушаххас меандешад. Яке аз ин тадбирҳо сохтмони биноҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло дар ин ноҳия бунёди чаҳор муассисаи таълимӣ идома дорад, ки бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 аз ҷумлаи онҳост.
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 4-и ноҳияи Ванҷ яке аз муассисаҳои калонтарин ва пешқадами таълимӣ ба шумор рафта, солхои охир ширкати толибилмони ин таълимгоҳ дар олимпиадаҳои сатхи ҷумхуриявӣ ва берун аз он бештар ба назар мерасад. Афзоиши теъдоди хонандагон ва талаботи таълими муосир зарурати аз нав бунёди кардани бинои таълимгоҳро ба миён овард. Зеро ин бино дар охири солҳои шастум сохта шуда, шароити таълим дар синфхонаҳо барои замони муосир чандон мувофиқ нест. Боду ҳавои номусоид ва заминларзаҳо бинои мактабро харобтар намудаанд.
Ҳолати бинои мактабро ба назар гирифта, бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта сохтмони бинои нав оғоз ёфт. Барои бунёди он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар 15 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Ба гуфтаи муҳандиси сохтмон Субадор Ҷебаев, айни ҳол зиёда аз 100 нафар коргарон ба сохтмон ҷалб шудаанд. Бинои мактаб сеошёна буда, дорои 37 синфхона, як толори маҷлис ва варзишгоҳи замонавӣ мебошад.
Бинокорон ният доранд мутобиқи нақша ҳамаи корҳои сохтмониро бо сифати хуб анҷом дода, онро дар ихтиёри 640 нафар толибилмон гузоранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






