Дар Норак бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқҳои аҳолӣ семинар доир гардид
НОРАК, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқҳои аҳолӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ, дарки масоили гендерӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра бо ташаббуси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 120 нафар сокинони маркази шаҳри Норак ва ҷамоатҳои деҳоти Дуконию Пули Сангини шаҳр семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Масъулин роҷеъ ба уҳдадориҳои алиментӣ, амволи муштараки зану шавҳар, аъзои оилаи молик эътироф намудану маскун кардан, мафҳум ва намудҳои зӯроварӣ, воситаҳои ҳимояи шахсони дучори зӯроварии хонаводагӣ, пешгирии хариду фурӯши одамон ва дигар мавзӯъҳо бо иштирокчиён ҳамсуҳбат шуданд.
Инчунин адвокатҳо ба эҳтиёҷмандон маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






