Дар Нуробод 10 гектар ва дар Рашт 7 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардиданд

Май 17, 2017 11:08

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» соли равон  дар ноҳияи Рашт дар майдони 7 гектар ва дар ноҳияи Нуробод дар масоҳати 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд намуд. Дар ин бора намояндаи ҶДММ «Пайванд» Тоҷиддин Хушвахтов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Масъулини ҷамъияти мазкур барои сари вақт бунёд намудани боғҳои мазкур ҳанӯз фасли тирамоҳ ҷойи шинонидани дарахтонро омода карда буданд. То имрӯз дар майдони 17 гектар дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт 44 ҳазор бех ниҳолҳои себ ва нок шинондаанд.

Тибқи иттилои манбаъ,  барои бунёди боғҳои интенсивӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз давлатҳои Белгия ва Италия ниҳоли себ ва нок ворид намуданд.

Дар назар аст, ки солҳои оянда дар  ноҳияи Нуробод дар  30 гектар ва дар Рашт дар   23 гектар  боғҳои интенсивӣ бунёд шаванд.

 

 

Май 17, 2017 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд