Дар Нуробод 10 гектар ва дар Рашт 7 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» соли равон дар ноҳияи Рашт дар майдони 7 гектар ва дар ноҳияи Нуробод дар масоҳати 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд намуд. Дар ин бора намояндаи ҶДММ «Пайванд» Тоҷиддин Хушвахтов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Масъулини ҷамъияти мазкур барои сари вақт бунёд намудани боғҳои мазкур ҳанӯз фасли тирамоҳ ҷойи шинонидани дарахтонро омода карда буданд. То имрӯз дар майдони 17 гектар дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт 44 ҳазор бех ниҳолҳои себ ва нок шинондаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, барои бунёди боғҳои интенсивӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои Белгия ва Италия ниҳоли себ ва нок ворид намуданд.
Дар назар аст, ки солҳои оянда дар ноҳияи Нуробод дар 30 гектар ва дар Рашт дар 23 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд шаванд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






