Дар Нуробод бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
НУРОБОД, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Соли ҷавонон дар маркази ноҳия ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонону фаъолон иштирок намуда, зиёда аз 600 нафар ҷавонони фаъол дар даст шиору овезаҳо ва Парчами давлатӣ бо дарозии 100 метр аз роҳи марказии ноҳия гузаштанд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд ва ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш эҳтиром гузошта, барои ҳимояи онҳо ҳамеша омодаю ҳушёр бошанд.









Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






