Дар Қӯрғонтеппа оқибатҳои ногувори тундгароӣ ва ифротгароиро маҳкум карданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа вохӯрии кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон, донишҷӯён, фаъолон ва аҳли ҷамоат баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, да вохӯрӣ сардори Раёсати мазкур Сафиало Азизулозода зикр кард, ки зуҳуроти номатлуб — терроризм ва экстремизм дар аксар давлатҳо, ба монанди Сурия, Ироқ ва Афғонистон доман паҳн карда, дар ин кишварҳо задухӯрдҳо идома доранд. «Бадбахтона имрӯз ин гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав тавонистаанд чандин нафаронро фирефтаи сиёсати ғаразнок ва шомили гурӯҳҳои хеш кунанд. Бинобар ин терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир буда, хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор меоранд. Ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бояд дар пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир саҳми худро гузорад. Зеро бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон муборизаи беамон бурд», — афзуд Азизулозода С.
Дар вохӯрӣ коршиноси масоили динӣ ва мудири шуъбаи дин ва танзиму анъанаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарбек Шарифзода иброз дошт, ки «шаҳрвандон бояд бо эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва ҳисси миллӣ талаботи волоияти қонунро муқаддас шуморида, дар мубориза бо тундгароӣ ва ифродгароӣ масъул бошанд».








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






