Дар рӯзи Дави миллӣ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Май 19, 2017 16:20

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мегардад.  Имсол ин сана ба   21 май рост омад.

Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон   ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки 21 май дар қаламрави мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ,   21 май  дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда,    дар ғарби вилоят ҳаво  шабона  6-11  ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -2+3 дараҷа   ва рӯзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои мусоид дар назар буда, ҳарорати ҳаво   шабона  аз 16-22 то  19-24  ва рӯзона аз 30-35 то 35-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда,   дар водиҳо ҳаво  шабона аз 15-20 то 19-24  ва рӯзона аз 30-35 то 33-38 дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман абрноки бебориш  шуда,  дар водиҳо шабона аз 11-16 то 14-19  ва рӯзона аз 28-33  то 33-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда  шуда,  гармии ҳаво шабона 14-16  ва рӯзона 35-37  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

 

Май 19, 2017 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд