Дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гардид

Май 9, 2017 09:11

ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони бекор ба шуғл дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуданд.

Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ярмарка 166 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо иштирок карда, 2659  ҷойи кориро пешниҳод намуданд.

Дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод 3609 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Аз инҳо 304 нафар ба ҷойи кор рохҳат гирифта, 272 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин шуданд. 221 нафар ба касбомӯзӣ ва 55 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шуданд.

 

 

Май 9, 2017 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид