Дар шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд мегардад
КӮЛОБ, 02.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади соҳибкасб намудан ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани занону духтарон коргоҳи хурди атласу адрасбофӣ фаъол гардонида шуд. Минбаъд дар ин коргоҳ занону духтарони маҳаллӣ метавонанд ин касби хонаводагиро аз худ намоянд ва мустақилона ба кор ҷалб гарданд. Дастгоҳҳои мазкур дар маҳаллаи Абдушукуроваи шаҳри Кӯлоб васл гардида, 20 нафар хоҳишмандон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ин дуюмин коргоҳи омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб буда, дар рӯзҳои наздик дар маҳалла ва ҷамоатҳои деҳот ифтитоҳи чунин коргоҳҳо дар назар аст.
Тавре Саида Нурляминова, мудири бахши кор бо занони шаҳр иттилоъ дод, ба коргоҳ мутахассисони соҳибтаҷриба аз маркази истеҳсолии Навгилеми шаҳри Исфара ҷалб гардида, давоми як моҳ ба духтарон касби бофандагӣ меомӯзонанд.
«Дар шаҳри Кӯлоб ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафта, баръакс рушд мекунанд. Аз ҷумла, ҳунарҳои чакану кашидадӯзӣ, зардӯзию заргарӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои халқиро бонувон пайваста ривоҷ медиҳанд», — илова намуд Саида Нурляминова.
Ба гуфтаи мутахассисон, ашёи хом барои атласу адрасбофӣ аз вилояти Суғд дастрас гардида, дар нақша аст, ки барои пурра таъмин намудани коргоҳҳои вилояти Хатлон дар маркази вилоят истеҳсоли ашёи хомро ба роҳ монанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






