Дар вилояти Суғд масъалаҳои фавти модару кӯдак ва маъюбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 27.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 майи соли равон бо ибтикорӣ Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгириву роҳҳои муолиҷаи маризиҳои мухталиф, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати трандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, дар ин рӯзҳо аз тарафи марказ дӯкони саломатӣ ва дӯкони саломатии сайёр ташкил карда шуда, ба ҷавонон маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сил, сурхча ва гулафшон, тамокукашӣ ва нашъамандӣ тақсим карда шуда, бо воситаи баландгӯяки нақлиёти марказ оид ба фоидаи варзиш, ҳафтаи имунизатсияи иловагӣ, зарари тамоку ва оқибатҳои нашъамандӣ маълумот дода шуд.
Инчунин дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ситоди вилоятӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, прократура, Раёсати тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилоят оид масъалаҳои фавти модару кӯдак, маъюбӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мушкилот ва пайёмадҳои фавти модару кӯдак, маъюбӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда ва роҳу усулҳои аз байн бурдани проблемаи дар соҳа вуҷуд дошта мавриди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд, -зикр намуд манбаъ.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






