Дар як ҳафта 9 ҳолати вайрон гардидани талаботи қонуни танзим ба қайд гирифта шуд

Май 3, 2017 17:23

ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 30 апрели соли 2017 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни баргузории маъракаҳоро бо баргузории 314 санҷиш назорат намуданд.
Ба иттилои Афшини Муқим, сардори Маркази матбуоти Кумита, дар ин муддат дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1076 маъракаҳои гуногун баргузор гардиданд, ки дар онҳо нуҳ ҳолати вайрон гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба онҳо санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Тавре Афшини Муқим зикр намуд, ҳафтаи гузашта танҳо дар шаҳри Душанбе 5 ҳолати нақзи талаботи Қонун ба қайд гирифта шудааст.

Май 3, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид