Дипломати тоҷик: «Дар Тоҷикистон «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷойгоҳи бузург дорад»
ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. «Фирдавсӣ бо шоҳкории беназираш шӯҳраи офоқ гардидааст ва ҳеҷ ҳамосаи ҷаҳонӣ бо ин беҳтарин номаи бостон ҳамвазн нест»,- чунин гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Неъматулло Эмомзода дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои ҳунарманди эронӣ Бобаки Гермчӣ марбут ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар Муассисаи фарҳангии ЭКО.
Дипломати тоҷик ҳамзамон таъкид кард ки дар Тоҷикистон пиру барно бо «Шоҳнома»-и сухансарои камназир Фирдавсӣ, ки арзиши таърихӣ, забонӣ, ҷуғрофӣ ва зебоишиносӣ дорад, шиносанд ва аксари хонаводаҳои тоҷик номи фарзандони худро бар пояи номи қаҳрамонони ин асар интихоб мекунанд.
Номбурда дар идома зикр намуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бар пояи достонҳои «Шоҳнома» киностудияи «Тоҷикфилм» 3 филм таҳия намуда буд, ки бо таваҷҷуҳ ба тарғиби арзишҳои маънавии мондагори ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, хушахлоқӣ ва гузашту фидокорӣ аҳамияти худро аз даст надодаанд. «Давлати мо муҷассамаи донои Тӯсро дар яке аз гӯшаҳои пойтахти Тоҷикистон гузошт ва чандин мактабу кӯча ва ноҳияеро дар Душанбе ба номи пири суханварони Аҷам номгузорӣ намудааст. Ҳамасола ба пос доштани номи ин абармарди олами адаб маҳфилҳои шоҳномахонӣ баргузор мешаванд», — афзуд Эмомзода.
Намояндаи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Шоҳмансури Шоҳмирзо ба АМИТ «Ховар» аз Теҳрон иттилоъ дод, ки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки ҳамасола 15 май барпо мешавад, дар маҳфилҳои адабӣ дар шаҳрҳои Язд, Кирмон, Машҳад ва Нишопур ширкат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ таҳти унвони «Рӯзи посдошти забони форсӣ – тоҷикӣ» эълом шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






