Директори мактаб бо гумони исрофи маблағҳои Фонди хайрия боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, директори яке аз муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумии шаҳри мазкур бо гумони ба исрофкорӣ роҳ додани маблағҳои мактаб дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ гумонбаршуда аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи майи соли 2017 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони масъули муассисаи таҳсилотии мазкур, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ 49 ҳазору 717 сомониро, ки тибқи протоколи ҷаласаи умумимактабии волидайни мактаби мазкур ҳамчун фонди хайрия ташкил шуда, ҳар моҳ аз ҳисоби 770 нафар волидайни тарбиятгирандагон ҷамъоварӣ карда мешавад, бе ворид намудан ба суратҳисоби махсуси буҷети маҳаллӣ маблағҳоро аз они худ намуда, исрофкорона хароҷот намудааст.
Ин амали ӯ бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






