Донишҷӯёни тоҷик ҷоизаҳои «Суперполиглот» ва «Полиглот»-ро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Қарағанда аз 4 то 6 май Олимпиадаи байналмилалии бисёрзабондонӣ миёни донишҷӯёни Осиёи Миёна ва Қазоқистон баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада аз Тоҷикистон се нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, се нафар аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода, се нафар аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва як нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат варзиданд.
Дар олимпиада доир ба 18 забон озмун баргузор гардид, ки дар баробари забони тоҷикӣ забонҳои помирӣ, аз ҷумла рӯшонӣ, шуғнонӣ ва забонҳои форсию дарӣ низ шомил буданд. Олимпиада аз бахшҳои гуногун, аз қабили донандаи беҳтарини забони модарӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ, забони ақаллиятҳои миллӣ, эссеи беҳтарин доир ба забони давлатӣ, модарӣ ва хориҷӣ иборат буд.
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Дидор Мародасейнов дар ин озмун донандаи беҳтарини забони англисӣ эътироф гардида, сазовори ҷойи аввал гардид. Дидор Мародасейнов бо чаҳор забон — англисӣ, тоҷикӣ, русӣ ва шуғнонӣ доир ба мавзӯи интихобнамудаи ҳайати ҳакамон озод сухан гуфт. Эссеи навиштаи ӯ ба забони англисӣ ва суханрониаш ба ин забони байналмилалӣ аъзои ҳакамонро ба ваҷд овард ва ҳама бо як овоз ӯро донандаи беҳтарини забони англисӣ ва эссеяшро беҳтарин эссе шумориданд.
Ҳамчунин донишҷӯ Самандар Шералиев аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ки бо ҳафт забон суханронӣ кард, ҷоизаи «Суперполиглот» (бисёрзабондон) ва Фирӯз Норов аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода (бо шаш забон суханронӣ кард) ҷоизаи «Полиглот»-ро сазовор гардиданд. Аз ҷумла, эссеи ба забони қазоқӣ навиштаи Фирӯз Норов боиси таҳсини ҳакамони ин забон гардид.
Дар рӯзи сеюм донишҷӯёни ҳар кишвар донишгоҳҳо ва суннатҳои миллии худро муаррифӣ карданд, ки хеле ҷолиб буд. Аз ҷумла, донишҷӯёни мо, ки ҳама бо либосҳои миллӣ ба саҳна баромада буданд, рақси миллии тоҷикӣ, рақси помирӣ, рақси сарбандӣ, рақси хатлонӣ (бо чакан) ва рақси мастчоҳиро иҷро намуданд, ки писанди ҳамагон гардид.
Дар олимпиада 22 донишгоҳ аз Қазоқистон ва Осиёи Миёна ширкат намуданд.
Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон Шарифмурод Исрофилниё, ки дар олимпиадаи мазкур ба ҳайси аъзои ҳакамон доир ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ва арабӣ интихоб гардида буд, баён дошт, ки хеле хуб мешуд ректорони дигар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. «Ин гуна олимпиадаҳои байналмилалӣ муаррификунандаи фарҳанги мо ва тарғибгари донишгоҳҳои Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳо мегарданд»,-афзуд мусоҳиб.








Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст






