Духтари тоҷик «беҳтарин силоҳшинос» дониста шуд

Май 1, 2017 13:06

ДУШАНБЕ, 1.05.2017./АМИТ «Ховар»/.  28 апрел дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  озмуни «Дар ҷустуҷӯи истеъдод», ки ба  Соли ҷавонон бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Бино ба иттилоъи маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар озмун донишомӯзони бахшҳои гуногуни Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  ширкат карданд. Озмун аз се бахш: «Беҳтарин суханвар», «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин силоҳшинос» иборат буд. Дар он курсантон санъати суханварӣ (шарҳ додани видеоролики беовоз аз наворҳои ҷойи ҳодиса), маҳорати фаврии тартибдиҳии фоторобот (тартиб додани фоторобот аз рӯйи тавсифи тахминии гумонбаршаванда) ва малакаи ба қисмҳо ҷудо ва васл намудани силоҳи оташфишон — автомати тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров»-ро манзури тамошобинон намуданд.

Дар озмун курсанти бахши аввал Ф. Маҳкамова дар риштаи «Беҳтарин силоҳшинос» сазовори ҷойи аввал гардид.   Дар бахши «Беҳтарин суханвар» курсанти соли 2-юм Ҳ. Ҳабибов ва  дар номинатсияи «Беҳтарин рассом» курсанти бахши 3-юм Ф. Ёғибеков пирӯзӣ ба даст оварданд.

Мақсади асосии озмун муҳайё намудани фазои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ, ташаккул, рушд ва мустаҳкам намудани истеъдоди курсантон, ба вуҷуд овардани ҳисси мардонагӣ, ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ, ҳамчунин, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терруристӣ гуфта мешавад. Дар хотима аз ҷониби роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Озмуни ВКД-2Озмуни ВКД

Май 1, 2017 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид