Эҳёи расму оин ва анъанаҳои неки гузаштагон дар партави сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси вилояти Суғд дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо аҳли фарҳанги ин шаҳри қадимӣ мулоқот кард.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, рушди соҳаи фарҳанг, эҳёи расму оин ва анъанаҳои неки гузаштагон, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоию фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент буд.
Абдураҳмон Қодирӣ зимни ишора ба фарҳанги бой доштани сокинони ин шаҳр гуфт: «Имрӯзҳо пос доштани анъанаву суннатҳои неки гузаштагон ва ба ояндагон мерос гузоштани он аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли фарҳанги шаҳр ба ҳисоб меравад. Аҳли санъати шаҳри бостонии Панҷакент бояд доим фаъолнокӣ нишон дода, дар барномаҳои бонуфузи вилоятиву ҷумҳуриявӣ фарҳанги қадимии халқи тоҷикро муаррифӣ намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






