Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард»

Май 23, 2017 10:43

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ  «Ховар»/. Хизмати содиқона кардан ба Ватан — модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллатро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ бахшида ба Рӯзи ҷавонон қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода шумориданд ва зикр карданд: «Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд».

Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меоранд ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Бо ин мақсад, ҷавонони мо бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошанд.

Ба ақидаи Пешвои миллат, ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз ҷавонони имрӯза вобаста мебошад.

«Мо — насли калонсол ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар анҷом дода истодаем. Дар навбати худ, ҷавонони мо вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Хукумати кишвар ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд»,-изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Май 23, 2017 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд