Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон қодиранд, ки бехатарӣ ва суботи сарҳадро таъмин намоянд»

Май 28, 2017 08:07

«Сарҳад яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ буда ва ҳимояи он

қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як фарди кишвар аст».


Эмомалӣ Раҳмон

 

ДУШАНБЕ, 28.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар моддаи якуми Қонуни ҶТ «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки «Қӯшунҳои сарҳадӣ намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ таъйин шудаанд».

Хамасола 28 май Қӯшунҳои сарҳадии кишвар иди касбиашонро ботантана чашн мегиранд. Бояд зикр намуд, ки 23 сол муқаддам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангин таъсис ёфт ва дар натиҷаи ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ ба як неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватани азизи мо табдил ёфт.

Дар арафаи Рӯзи сарҳадбонон хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал—лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, аз номи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”  Шумо ва тамоми марзбононро бо Рӯзи сарҳадбонони кишвар табрик мегӯем!

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Ташаккур.

АМИТ “Ховар”: Қаламрави ҳар як кишвари мустақил аз муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории он буда, амнияти ҳар як халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад. Дар аввал дар бораи  дастовардҳои назарраси Қӯшунҳои сарҳадӣ каме маълумот медодед.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, дар байни дигар мақомоти қудратӣ ҷавонтарин ва пурмасъулияттарин мақомот ба ҳисоб меравад.  Қўшунҳои сарҳадӣ бо ҷузъу томҳояш аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш бо дастгириҳои бевосита ва ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро дар тамоми самтҳои сарҳади давлатӣ пурзўр намуда, амният, якпорчагӣ ва тамомияти арзии онро таъмин менамояд, ки ин боиси оромӣ ва осоиштагии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Яке аз муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории ҳар кишвари мустақил, марз ва таъмини амнияту суботи он мебошад. Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷузъи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил дода, ин сохтори бонуфузи низомӣ дар ҳифзу мудофиаи марзу буми кишвар, таъмини амнияти сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун сипари шикастнопазир устувор аст.

Бо гузашти бисту се сол сарҳадбонон аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳояшон  бомуваффақият баромада, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар тӯли 23 сол аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ 2 547 далели вайронкунии сарҳад  ва беш аз 450 кӯшиши вайронкунии сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта, 11 428 вайронкунандаи сарҳадӣ ва зиёда аз 1 700 вайронкунандаи реҷаи сарҳадӣ боздошт гардиданд.  Дар ин давра 500 амалиёти гуногуни фаврӣ гузаронида шуданд, ки дар рафти онҳо сарҳадбонон зиёда аз 400 маротиба ба задухӯрди мусаллаҳона бо гурӯҳҳои ҷинояткор дучор шуданд. Дар натиҷа зиёда аз  600 қочоқчӣ нобуд ва безарар гардида , 60 тан захмӣ, 425 нафар боздошт ва маҳкум гардиданд.

Инчунин аз аввали соли ҷорӣ то айни ҳол сарҳадбонони тоҷик 32 далели вайронкунии сарҳади давлатиро ба қайд гирифта, 11 маротиба бо қочоқчиёни маводи мухаддир ба задухӯрд дучор гардиданд, ки дар натиҷа 8 тани онҳо нобуд, 5 нафар боздошт гардид, зиёда аз 340 кг  маводи нашъадор, 9 адад яроқи оташфишон ва 121 шумораи лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Граница-9 Граница-8

Дар ин давра Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори воқеан муташаккилу муназзам ва неруи боэътимоди ҳифзи сарҳадоти мамлакат табдил ёфтааст ва ман инро яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат мешуморам.

АМИТ «Ховар»: Дар ин муддат инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ то чӣ андоза ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонида шуд?

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Аз рӯзҳои аввали ташкилёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ чораҳо оид ба фароҳам овардани шароитҳо барои ташкили базаи меъёрию ҳуқуқӣ, моддию техникӣ, беҳтаргардонии сохтори роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои ҚС, сохтмон ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои баландихтисос амалӣ карда шуданд.

Сохтмон ва навсозии инфрасохтори сарҳадӣ, беҳтаргардонии шароити хизмати ҳарбии сарҳадӣ доимо дар мадди назари роҳбарияти давлат қарор дорад. Вазоратҳо, муассисаҳо ва сохторҳои худидоракунии ҳокимияти давлатӣ ба сохтмон ва  навсозии инфрасохтори сарҳадӣ фаъолона мусоидат менамоянд.

Дар тӯли 23 сол аз рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ шароит дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ба меъёрҳои муосир наздик оварда шудаанд. То имруз зиёда аз 140 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта, аз таъмир бароварда шуданд. Дар айни ҳол зиёда аз 110 биною иншоот сохта ва таъмир карда мешаванд.

Ҳамасола аз тарафи Пешвои миллат баҳри беҳтар гардонидани шароитҳои зисти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шахрхои Душанбе, вилоятхои Суғду Хатлон ва Бадахшон хонаҳои истиқоматӣ бунёд шуда, қитъаҳои замин ҷудо мегарданд. Танхо дар солҳои 2014-16 барои хизматчиёни ҳарбии сарҳадбон зиёда аз 100 хона ҷудо гардид.

АМИТ «Ховар»: Фаъолияти пурсамари Қӯшунҳои сарҳадӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи таъмин будан бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ вобастагӣ дорад. Омода кардани мутахассисони баландихтисос чи гуна ба рох монда шудааст?

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Ҳамасола дар муссисаҳои таълимии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ мутахассисони баландихтисос тайёр карда мешаванд. Соли 2001 Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ таъсис ёфт, ки барои Қӯшунҳои сарҳадӣ афсарони сатҳи тактикиро омода месозад. Инчунин дар заминаи Омӯзишгоҳ курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил шудааст.

Қисми зиёди хатмкунандагон баъдан шунавандагони Академияи хизмати сарҳадии Федератсияи Россия мегарданд. Ҳамаи ин ба баландшавии касбияти сарҳадбонон мусоидат мекунад.

Давоми ин солҳо зиёда аз 700 нафар афсарони ҷавон омӯзишгоҳро хатм карда, дар минтақаҳои гуногуни сарҳадӣ адои хизмат менамоянд.

Дар айни замон зиёда аз 250 нафар ҷавонон дар хориҷ ва беш аз 500 нафари дигар дар дохили мамлакат таҳсил доранд.

Дар ҳифзи сарҳад хамчунин истифодабарии сагҳои хизматӣ аҳамияти калон дорад. Пайшиносӣ ва сагпарварии хизматӣ ба самти алоҳида ҷудо мешавад. Бо ёрии сагҳои хизматии сарҳадбон шумораи калони вайронкунандагони марз боздошт гардидааст.

Граница-7 Граница-6

Айни ҳол Қӯшунҳои сарҳади асосан бо афсарони  дорои маълумоти олии ҳарбӣ пурра гардонида шуда, қодиранд, ки бехатарӣ ва суботи сарҳадро таъмин намоянд.

Таъмиру навсозии Маркази таълимии имрӯза далели равшани ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таҳкими низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад. Имрӯз Маркази таълимӣ аз лиҳози таъминот бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва шароити моддиву маишӣ ба яке аз беҳтарин қисмҳои ҳарбии кишвар табдил ёфтааст. Ғайр аз ин, марказҳои радиолокатсионӣ ва таълими компютерӣ бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба талаботи технологияҳои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки назорати гузаронидани контрабанда тавассути сарҳади давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳисоб меравад, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари комёбиҳо дар ин самт пурзуркунии фаъолият ва бурдани назорати қатъӣ лозим аст.

АМИТ «Ховар»: Хамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳаммарз чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Дар ин муддат аз ҷониби марзбонони тоҷик аломатгузории марзи Тоҷикистону Хитой гузаронда шуд. Бо назардошти хусусиятҳои релефи маҳаллӣ қисми зиёди сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон бо системаи огоҳкунӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 34 нуқтаи назоратии гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 25 адади он мақоми байналмилалӣ дорад.

Аз вақти зери назорати Қӯшунҳои сарҳадӣ гузаштани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз моҳи июли соли 2005, сарҳадбонони тоҷик дар фаъолияти хизматӣ-ҷангии ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳамкорӣ бо ҳамкасбони афғон, қирғиз, ӯзбек ва хитоӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади роҳ надодан ба фаъолияти ғайриқонунӣ дар сарҳад ва баланд бардоштани самаранокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар байни сарҳадбонони кишварҳои ҳаммарз доимо вохӯриҳои намояндагии сарҳадии гуногунсатҳ гузаронида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Тавре Пешвои миллатамон борҳо таъкид доштанд,  дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки дар он падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи мухаддир хатару таҳдидҳои навро ба миён овардаанд, мо бояд иқтидори мудофиавии кишвари худро тақвият бахшем. Барои мустаҳкам гардонидани марзи Тоҷикистон чӣ чораҳо андешида мешаванд?

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Зимнан бояд гуфт, ки Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи сарҳад таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир намуда, чиҳати беҳтар гаштани ҳифзи сарҳади давлатӣ дар назди мо, сарҳадчиён вазифаҳои наву масъулиятнок мегузоранд.

Маълум аст, ки боло рафтани шиддати вазъи сиёсии ҷаҳон ва муташанниҷ гардидани авзои минтақа бо терроризми ҷаҳонӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ аз ҷониби шахсони гуногун ва гурӯҳҳои ифротгаро дар байни дигар давлатҳо низ дида мешавад.

Сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон  дарозтарин мебошад. Бо сабаби мухолифати қувваҳои давлатии ҶИА бо толибон, ҷангиёни «Ҳаракати исломӣ», «Ҷамоат-Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳо, вазъият дар ин кишвари ҳамсарҳад мурракаб мебошад. Ҳамаи ин ба вазъи сарҳади мо бо Афгонистон бетаъсир монда наметавонад.

Граница-5 Граница-10

Яке аз таҳдидҳои асосӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ин афзоиш ёфтани қочоқи маводи мухаддир мебошад, чунки даромад аз фурӯши моддаҳои нашъадор яке аз сарчашмаҳои асосии даромади гурӯҳҳои террористӣ дар ҳудуди Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Вазъияти ҳозира дар сарҳад, бо дарназардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон, махсусан баъди баровардани қувваҳои Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ масъулияти зиёдтарро талаб менамояд.

Дар айни ҳол Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон асосан бо афсарони  дорои маълумоти олии ҳарбӣ пурра гардонида шуда, қодиранд, ки бехатарӣ ва суботи сарҳадро таъмин намоянд.

АМИТ «Ховар»: Дар Рӯзи сарҳадчиён чӣ таманно доред?

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Ба ин муносибат, ман ҳайати шахсии отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии мамлакатро самимона табрик гуфта, ба ҳар як шаҳрванде, ки таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин мекунад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ орзу менамоям.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

Мавҷуда АНВАРӢ

Май 28, 2017 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин