Фестивали шашуми байналмилалии театрҳои ҷавон «Нигоҳи нав» ифтитоҳ ёфт

Май 17, 2017 17:24

ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ  «Ховар»/.   Дирӯз, 16 май дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Фестивали шашуми байналмилалии театрҳои ҷавон «Нигоҳи нав» ифтитоҳ ёфт.

«Нигоҳи нав» ба муносибати Ҳафтаи ҷавонон ва Соли ҷавонон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100-солагии Артисти халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова бахшида шудааст.

Дар ҷашнвора ҳунармандони театр аз Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок  намуда, спектаклҳои худро манзури ҳаводорони санъати театрӣ мегардонанд.

Фестивали шашуми байналмилалии театрҳои ҷавон «Нигоҳи нав» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Нигоҳи нав» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан», Дафтари ҳамкории Шветсария дар Тоҷикистон, ширкати «Сомон Эйр» ва ширкати «Фароз» баргузор мегардад. Даромад ба театр ройгон буда, он 5 рӯз  идома меёбад.

Маросими пӯшидашавии ҷашнвора 20 майи соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов дар назар аст.

 

 

 

Май 17, 2017 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд