Фестивали шашуми байналмилалии театрҳои ҷавон «Нигоҳи нав» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 16 май дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов Фестивали шашуми байналмилалии театрҳои ҷавон «Нигоҳи нав» ифтитоҳ ёфт.
«Нигоҳи нав» ба муносибати Ҳафтаи ҷавонон ва Соли ҷавонон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100-солагии Артисти халқии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова бахшида шудааст.
Дар ҷашнвора ҳунармандони театр аз Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок намуда, спектаклҳои худро манзури ҳаводорони санъати театрӣ мегардонанд.
Фестивали шашуми байналмилалии театрҳои ҷавон «Нигоҳи нав» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Нигоҳи нав» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан», Дафтари ҳамкории Шветсария дар Тоҷикистон, ширкати «Сомон Эйр» ва ширкати «Фароз» баргузор мегардад. Даромад ба театр ройгон буда, он 5 рӯз идома меёбад.
Маросими пӯшидашавии ҷашнвора 20 майи соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов дар назар аст.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






