Филиали Ширкати «IRS» техникаву таҷҳизоти махсусгардонидашуда ворид менамояд
ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ Ховар/. Филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ талош варзида, айни замон ҷиҳати воридоти техникаву таҷҳизоти пуриқтидори замонавӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд.
Тавре аз Маркази матбуоти филиали мазкур хабар доданд, бо назардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат намояндагони он аз 10 то 21 май ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ доштанд. Зимни сафар масъулин бо роҳбарияти ширкати маъруфи «Votai Construction Engineering Limited» мулоқот намуданд.
Намояндагони ширкат ҷанбаҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла масъалаи хариди техникаи махсусгардонишудаи соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар корхонаи «XCMG GROUP» бо номгўйи чунин техникаҳо шинос шуданд.
Ҳамчунин намояндагони филиали Ширкати «IRS» дар шаҳри Уси бо роҳбарияти ширкати «Wuxi Longli Mechanical Engineering Co.Ltd» вохӯрда, бо фаъолияти сехҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти марбут ба ширкати мазкур аз наздик шинос шуданд.
Бо назардошти муҳимияти истифодаи булдозерҳо дар раванди нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ масъулини филиали Ширкат дар шаҳри Шанхай аз корхонаи истеҳсоли ин намуди техника боздид ба амал оварданд.
Ширкат ният дорад, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз Чин техникаҳои махсусгардонидашуда ворид намуда, барои роҳандозии табодули таҷриба ва бозомўзии кормандон дар ширкати «Wuxi Longli» мусоидат намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






