Фишорбаландии шараёнӣ аз боду ҳаво вобастагии калон дорад
ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 14 май, Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо фишорбаландии шараёнӣ буд, ки соли 2005 таъсис гардида, ҳамасола дар мамлакатҳои зиёд таҷлил карда мешавад. Мақсади асосии ин рӯз ҷалби диққати аҳолӣ барои пешгирии бемориҳоест, ки дар натиҷаи фишорбаландии шараёнӣ ба вуҷуд меоянд. Дар ҷаҳон паҳншавии ин беморӣ хеле зиёд буда, тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол аз ин беморӣ қариб 9 миллион нафар вафот мекунанд ва миллиардҳо одамон азият мекашанд.
Муовини директори Муасисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил Мирзо Нозимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар маркази мазкур бештар пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг ба роҳ монда шудааст. «Дар маркази мо дар айни ҳол 10 бахш фаъол буда, яке аз бахшҳои калонтарини он бахши фишорбаландии шараёнӣ мебошад. Дар ин бахш беморон дар муддати 10 -12 рӯз табобат мегиранд. Нишонаҳои аввалиндараҷаи беморӣ- ин пайдоиши дарди сар, садо дар гӯшҳо, сарчархзанӣ ва пайдоиши сиёҳӣ дар пеши назар мебошад»,-илова намуд Мирзо Нозимов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, имрӯзҳо бемории фишорбаландӣ дар байни ҷавонон низ зиёд шудааст. Ҳангоми пайдо шудани аломатҳои фишорбаландӣ шахс бояд ҳатман ба табиби оилавии худ муроҷиат кунад. Табиб бояд дафъатан фишори беморро чен кунад, агар он аз 130- 140 баланд бошад, бемор ба муолиҷа ниёз дорад.
«Танҳо пас аз чен кардани фишори хун маълум мешавад, ки он баланд аст ё паст. Сабабҳои асосии бемории фишорбаландӣ- ин ирсият, камҳаракатӣ, пурхӯрӣ ва асабхастагӣ мебошад. Инчунин бемориҳои диабети қанд, бемориҳои ишемиявии дил ва дигар бемориҳое ҳастанд, ки ба фишорбаландӣ гирифтор мекунанд»,-зикр намуд Мирзо Нозимов.
Беморони гирифтори фишорбаландии шараёнӣ бояд мунтазам табобат гиранд, зеро нагирифтани табобат оқибатҳои нохуш дорад. Оқибатҳои бемории фишорбаландӣ- ин бемории фалаҷ ва ё сактаи майнаи сар, сактаи дил, пайдоиши аретмияҳо ва номураттабии кори дил мебошад.
«Барои пешгирии ин беморӣ ҳар як шахс бояд соле ду маротиба аз назорати табиб гузарад. Дигар ин ки шахс бояд пурхӯрӣ накунад. Нафароне, ки бештар ғизоҳои серравған истеъмол мекунанд, ба фишорбаландии шараёнӣ гирифтор мешаванд. Инчунин барои пешгирии ин беморӣ асаби одам бояд доимо ором бошад, бояд машқҳои ҷисмонӣ ва варзишдармониро фаромӯш накард. Нафароне, ки ба ин беморӣ аллакай гирифтор шудаанд, бояд доимо аз доруҳои тавсиянамудаи мутахассисон истифода баранд. Баланд шудани фишори хун аз мавсим ва боду ҳаво низ вобастагии калон дорад»,-баён дошт муовини директори Муасисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил Мирзо Нозимов.
Тибқи иттилои Мирзо Нозимов, дар соли 2016 дар марказ 6 100 нафар бемор муолиҷа ёфта, тақрибан 80 фоизи онҳо аз фишорбаландии шараёнӣ азият мекашиданд.
Дар се моҳи аввали соли равон беш аз 500 нафар дар ин марказ бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






