Фишорбаландии шараёнӣ аз боду ҳаво вобастагии калон дорад

Май 15, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз, 14 май,  Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо фишорбаландии шараёнӣ  буд,  ки соли 2005 таъсис гардида, ҳамасола дар мамлакатҳои зиёд таҷлил  карда мешавад. Мақсади асосии ин рӯз ҷалби диққати аҳолӣ барои пешгирии бемориҳоест, ки дар натиҷаи фишорбаландии шараёнӣ ба вуҷуд меоянд. Дар ҷаҳон паҳншавии ин беморӣ хеле зиёд буда, тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол аз ин беморӣ қариб 9 миллион нафар вафот мекунанд ва  миллиардҳо одамон азият мекашанд.

Муовини директори Муасисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил Мирзо Нозимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар   маркази мазкур  бештар пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг ба роҳ монда шудааст. «Дар маркази мо  дар айни ҳол 10 бахш фаъол буда, яке аз бахшҳои калонтарини он бахши фишорбаландии шараёнӣ мебошад. Дар ин бахш  беморон дар муддати 10 -12 рӯз табобат мегиранд. Нишонаҳои аввалиндараҷаи беморӣ- ин пайдоиши дарди сар, садо дар гӯшҳо, сарчархзанӣ ва пайдоиши сиёҳӣ дар пеши назар мебошад»,-илова намуд Мирзо Нозимов.

Бино ба гуфтаи мусоҳиб, имрӯзҳо бемории фишорбаландӣ дар байни ҷавонон низ зиёд шудааст.  Ҳангоми пайдо шудани аломатҳои фишорбаландӣ шахс бояд  ҳатман ба табиби оилавии худ муроҷиат кунад. Табиб бояд дафъатан фишори беморро чен кунад,  агар он аз 130- 140 баланд бошад,  бемор ба муолиҷа ниёз дорад.

«Танҳо пас аз  чен кардани фишори хун маълум мешавад, ки  он баланд аст ё паст.  Сабабҳои асосии бемории фишорбаландӣ- ин ирсият, камҳаракатӣ, пурхӯрӣ ва асабхастагӣ мебошад. Инчунин  бемориҳои диабети қанд,  бемориҳои ишемиявии дил ва  дигар бемориҳое  ҳастанд, ки ба фишорбаландӣ гирифтор мекунанд»,-зикр намуд Мирзо Нозимов.

Беморони гирифтори фишорбаландии шараёнӣ бояд мунтазам табобат гиранд, зеро нагирифтани табобат оқибатҳои нохуш дорад.   Оқибатҳои  бемории фишорбаландӣ-  ин бемории фалаҷ ва ё сактаи  майнаи сар, сактаи дил, пайдоиши аретмияҳо ва номураттабии кори дил мебошад.

«Барои пешгирии ин беморӣ ҳар як шахс бояд соле ду маротиба  аз назорати табиб гузарад. Дигар ин ки шахс  бояд пурхӯрӣ накунад. Нафароне, ки  бештар ғизоҳои серравған истеъмол мекунанд, ба фишорбаландии шараёнӣ гирифтор мешаванд. Инчунин барои пешгирии  ин беморӣ   асаби одам  бояд доимо ором бошад, бояд  машқҳои ҷисмонӣ ва варзишдармониро фаромӯш накард.  Нафароне, ки ба ин беморӣ аллакай гирифтор шудаанд, бояд доимо аз доруҳои тавсиянамудаи мутахассисон истифода баранд.  Баланд  шудани фишори хун аз мавсим ва боду ҳаво низ вобастагии калон дорад»,-баён дошт муовини директори Муасисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил Мирзо Нозимов.

Тибқи иттилои Мирзо Нозимов, дар соли 2016 дар марказ 6 100 нафар бемор муолиҷа ёфта,  тақрибан 80 фоизи онҳо аз фишорбаландии шараёнӣ азият мекашиданд.

Дар се моҳи аввали соли равон беш аз 500 нафар дар ин марказ бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд.

 

 

 

Май 15, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид