Хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз қисмҳои ҳарбӣ дидан намуданд

Май 8, 2017 17:34

ДУШАНБЕ, 08.05.2017/АМИТ  «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва  72-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои ‎1941-1945 хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе  аз қисмҳои ҳарбии №10040, №02615Г-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, №6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри  Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва ҷалби ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   роҳандозӣ шудааст.

 

Май 8, 2017 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд