Хонандагони тоҷик аз Руминия бо 10 медал баргаштанд

Май 3, 2017 11:17

ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 апрел то 1 май дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «INFOMATRIX-2017» аз фанни технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он 10 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар олимпиада аз 45 давлати дунё хонандагон 359 лоиҳа пешниҳод карда, дар ҷамъбаст 2 нафар хонандаи тоҷик сазовори медали тилло, 2 нафар сазовори медали нуқра ва 6 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд ва Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд.
Натиҷаи ҷамъбасти олимпиада нишон дод, ки хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кўдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мирзоалӣ Алиев ва Ориёншоҳ Ҷонмаҳмадов бо пешниҳоди як лоиҳа сазовори медали тилло, муҳассилини Литсейи хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе Мирзораҷаб Раҷабов ва Сорбон Набиев бо пешниҳоди як лоиҳа сазовори медали нуқра, Анушервон Зубайдуллозода, Саддамбек Бобоев аз Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе, Ҳамза Норбеков ва Асрор Асроров аз Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода ва Мавзуна Заробиддинзода, Фарзона Бобоҷонова аз Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар маҷмўъ, аз аввали соли 2017 мактаббачагони тоҷик ба Ватан 73 медал (8 медали тилло, 29 медали нуқра, 36 медали биринҷӣ) овардаанд.

Май 3, 2017 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид