Хуршед Низомов Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид

Май 1, 2017 09:24

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ Ховар/. 29 апрели соли 2017 Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои омодагӣ ба баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, вазъи имрўзаи мактаби композиториву мусиқишиносии тоҷик ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи қарори Анҷуман, аз рўи натиҷаҳои овоздиҳӣ Хуршед Низомов Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Сангалӣ Ҳамидов муовини Раиси Иттифоқи композиторон интихоб гардиданд.
Ҳамчунин вакилони Анҷуман бобати тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, ки ғояи асосии онро тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистон ва мероси пурғановати ниёгон ташкил медиҳанд, қарори дахлдор қабул намуданд.
Вакилони Анҷуман аз таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат ба аҳли эҷод миннатдорӣ баён намуда, зикр намуданд, ки тамоми саъю кўшиши худро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва рушди мусиқии касбии тоҷик равона хоҳанд намуд.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Хуршед Низомов хатмкардаи Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, дар Оркестри эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ва сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамзамон дар вазифаҳои сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Солҳои 2008-2011 дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқии аспирантураи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов таҳсил намуда, вобаста ба созҳои миллии тоҷик, ҳунари созтарошӣ, таърихи ташаккули аввалин дастаҳои касбии ҳунарӣ, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат дар мамлакат ва инкишофи санъати касбии тоҷик китобу маҷмўа ва мақолаҳо таълиф намудааст.
Аз соли 2014 аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буда, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Май 1, 2017 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд