Иқдомҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун

Май 18, 2017 10:38

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.    Бо  мақсади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ аз 2 то 24 майи соли равон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун дар филлиалҳои муассисаҳои «Маркази ҷумҳуриявиии илмии хун» барномаҳои алоқаманд дар ин самт гузаронда мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун ҳар сол 14 июн таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз мардум ба донорони худ изҳори сипос намуда, аз донороне, ки ҳаёти одамонро наҷот додаанд, ёдовар мешаванд. Ин рӯз нафаронеро, ки саломатии хуб доранд,  водор месозад, ки  барои наҷоти ниёзмандон хун супоранд.

Бо ҳамин мақсад дар айни замон дар ҳамаи муассисаҳои тиббию пешгирикунандаи вилояти Хатлон ҷадвали хунсупории беподош идома дорад. Ин амал тибқи қарори Ассамблеяи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ гардида,  иштироки сокинон дар он назаррасар арзёбӣ мегардад. Дар робита ба  баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун аз шумораи муаяйни сокинон   хун гирифта мешавад.

 

 

Май 18, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад