«Ифтихори тиллоии мо»- ғолиби озмуни «Пайрави Пешво»

Май 12, 2017 14:48

ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи  табъу нашри «Шарқи озод» озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Пайрави Пешво» ҷамъбаст гардид.

Дар озмун бо назардошти он ки холҳои бадастовардаи иштирокчиён барои ҷойи аввал кофӣ набуд, тибқи хулосаи доварон ба як нафар ҷои дуюм ва ба ду нафари дигар ҷои сеюм сазовор дониста шуд.

Камол Наврӯзӣ бо матлаби «Ифтихори тиллоии мо» бо гирифтани 42 хол сазовори ҷойи дуюм гардида, Оҳистамоҳ Вафобекзода ва Муҳаммадӣ Шоҳ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири нашрия  ғолибонро табрик намуда, ҳадафи озмунро муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат арзёбӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки «аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти олии мамлакат ба ин неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа эътимоди комил дорад. Дар партави ҳамин сиёсати созанда рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Пайрави Пешво» озмун эълон намуд. Баррасӣ ва натиҷагирии маводи пешниҳодшуда муайян намуд, ки идораи рӯзнома ҳамчун ташкилкунандаи озмун дар иҷрои ҳадафҳои худ муваффақ шудааст, зеро озмун тавонист портрети як гурӯҳи калони ҷавонони лаёқатманди гуногункасбро, ки бо эҷод, ихтироот ва ташаббусҳои созандаашон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд, муаррифӣ намояд».

Бояд гуфт, ки дар озмуни «Ҷумҳурият», ки аз 10 феврал то 10 майи соли равон ҷараён дошт, зиёда аз 50 асари журналистӣ пешниҳод гардида, беш аз 20 адади онҳо бо салоҳдиди аъзои комиссияи озмунӣ рӯи чоп омаданд.

Барои ҷамъбасти воқеъбинона ва таъмини шаффофият дар озмун аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон  намояндагон ба ҳайати комиссияи озмунӣ ҷалб карда шуданд.

Май 12, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст