«Ифтихори тиллоии мо»- ғолиби озмуни «Пайрави Пешво»
ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» озмуни нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Пайрави Пешво» ҷамъбаст гардид.
Дар озмун бо назардошти он ки холҳои бадастовардаи иштирокчиён барои ҷойи аввал кофӣ набуд, тибқи хулосаи доварон ба як нафар ҷои дуюм ва ба ду нафари дигар ҷои сеюм сазовор дониста шуд.
Камол Наврӯзӣ бо матлаби «Ифтихори тиллоии мо» бо гирифтани 42 хол сазовори ҷойи дуюм гардида, Оҳистамоҳ Вафобекзода ва Муҳаммадӣ Шоҳ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири нашрия ғолибонро табрик намуда, ҳадафи озмунро муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат арзёбӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки «аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти олии мамлакат ба ин неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа эътимоди комил дорад. Дар партави ҳамин сиёсати созанда рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Пайрави Пешво» озмун эълон намуд. Баррасӣ ва натиҷагирии маводи пешниҳодшуда муайян намуд, ки идораи рӯзнома ҳамчун ташкилкунандаи озмун дар иҷрои ҳадафҳои худ муваффақ шудааст, зеро озмун тавонист портрети як гурӯҳи калони ҷавонони лаёқатманди гуногункасбро, ки бо эҷод, ихтироот ва ташаббусҳои созандаашон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд, муаррифӣ намояд».
Бояд гуфт, ки дар озмуни «Ҷумҳурият», ки аз 10 феврал то 10 майи соли равон ҷараён дошт, зиёда аз 50 асари журналистӣ пешниҳод гардида, беш аз 20 адади онҳо бо салоҳдиди аъзои комиссияи озмунӣ рӯи чоп омаданд.
Барои ҷамъбасти воқеъбинона ва таъмини шаффофият дар озмун аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон намояндагон ба ҳайати комиссияи озмунӣ ҷалб карда шуданд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






