Ҷилавгирӣ аз қочоқи 5 тонна қиёми шоколади истеҳсоли Россия

Май 13, 2017 09:25

ДУШАНБЕ, 13.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки  Тоҷикистон аз ҷилавгирӣ намудани 5 тонна қиёми шоколади истеҳсоли Россия дар вилояти Суғд, ки ғайриқонунӣ ворид карда шудааст ва арзиши умумияш беш аз 157 ҳазор сомонист, хабар медиҳад.

Назар ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  5 тонна қиёми шоколадро шаҳрванди 33-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. М., ки сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст,   бо роҳи қочоқ тавассути нақлиёти боркаши тамғаи «Камаз», ки онро ронандаи 54- сола Г.Х. идора мекард, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст. Бори мазкур ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили бордони нақлиёти тамғаи  «Мерседес-бенс атеко», ки онро ронандаи 54 сола Г. Х. идора мекард, дар шаҳри Исфара ошкор гардид.

Дар робита  ба амали шаҳрванд Д.М., дар асоси қисми дуюми моддаи 289-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки тафтишотро Прокуратураи вилояти Суғд ба уҳда дорад.

 

Май 13, 2017 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид