Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе кӯмак намуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ( 1 июн) ва моҳи шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи моҳвораи худ иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии кӯдакони ниёзманд дар 3 парваришгоҳи шаҳри Душанбе, аз ҷумла хонаҳои кӯдакони №№1 ва 2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и Раёсати маорифи шаҳри Душанбе амалӣ намуд.
Тавре аз маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин кӯмакҳо тибқи дархости роҳбарияти парваришгоҳҳои зикршуда роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар тавассути ихтиёриёни он ба ин ниёзмандон дастрас ва тақсим карда шуданд.
Дар маҷмӯъ кӯмакҳои пешниҳодшуда аз 500 кг орд, 100 литр равған, 50 кг биринҷ, 55 кг гӯшти гов, 45 кг гӯшти мурғ, 50 кг шакар, 50 кг макарон, 100 дона шири қоқ ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин 116 дона матрас ва 116 адад болишт иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҶҲАТ соли ҷорӣ якчанд кӯмакҳоро ба ниёзмандони кишвар интиқол додааст. Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, аниқтараш 20 марти соли 2017 ба 500 нафар оилаҳои ниёзманди 4 ноҳияи шаҳри Душанбе кӯмакҳои иборат аз маводи хӯрокворӣ тақсим намуда, 22 апрели соли 2017 бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт ба зиёда аз 900 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ дар шаҳру ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Мурғоб, Дарвоз, Ванҷ ва Хоруғ кӯмак расонида шуд.
Ин кӯмакҳо ангишт, оташдон, гармкунаки барқӣ, фонус, канистр, сатил, болопӯши пластикӣ, кампал, бистар, болишт, ҷойпӯш, таҷҳизоти сохтмонӣ, бастаҳои гигиенӣ, маводи ошхона ва маводи хӯроквориро дарбар мегирифтанд.











ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






