Имрӯз барои ҷавонон зарурати омӯзиши технологияи муосир ва забони хориҷӣ пеш омадааст

Май 11, 2017 17:17

ХОРУҒ, 11.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Бо бунёд гардидани биноҳои истиқоматию маишӣ, таълимию тандурустӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ симои шаҳри Хоруғ ва  маркази ноҳияҳо куллан тағйир ёфта, ҷавонони зиёд соҳиби касбу кор мегарданд.

Муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев ба хабарнигори АМИТ “Ховар”  гуфт, ки «солҳои пеш  мутахассисони соҳаи бинокорӣ дар ҳудуди вилоят камшумор буданд ва аз ин рӯ масъулини ширкатҳои сохтмонӣ маҷбур мешуданд, ки  барои анҷоми баъзе корҳои сохтмонӣ мутахассисонро аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ даъват намоянд. Аммо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими калонсолон ва курсҳои бозомӯзии назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тавонист дар давоми се соли охир  ин мушкилро комилан бартараф намояд. Ҳоло дар аксарияти сохтмонҳои ҳудуди вилоят ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд. Танҳо дар бунёди бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли равон дари худро ба рӯи донишҷӯён боз мекунад,  қариб 500 нафар ҷавонони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва мутахассисони хориҷӣ низ аз сифати корашон изҳори қаноатмандӣ намуданд».

Ба гуфтаи Сураҷ Чоршанбиев, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ба нақши ҷавонон дар корҳои бунёдкорию созандагӣ такони бештар хоҳад гузошт. Ҳар як ҷавон имрӯз ба хубӣ дарк мекунад, ки дар замони муосир ҳатто барои интихоби касби харротию челонгарӣ ва ё дӯзандагию бофандагӣ зарурати омӯзиши технологияи муосир ва забони хориҷӣ пеш меояд. Барои омӯзиши ин фанҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марказҳои гуногуни таълимӣ фаъолият доранд ва ҳар як  ҷавон метавонад аз хизмати ин марказҳо истифода барад. Барои таҳсил дар хориҷи кишвар низ шароити мусоид фароҳам аст. Соли равон шумораи донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, то ба 500 нафар расид.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, теъдоди аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 214 нафар расидааст, ки 80 ҳазори онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Файз МИРҲАСАН

Ҷавонон дар бунёдкорию созандагӣ нақши бештар мегузоранд (2) Ҷавонон дар бунёдкорию созандагӣ нақши бештар мегузоранд (1)

Май 11, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст