Имрӯз дар «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ доир гардид

Май 20, 2017 18:36

ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ  доир гардид.  Дар фестивали мазкур тамоми  сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе иштирок намуда,  расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.

Тавре Ҷамшед Ҳамроев — мудири маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, дар Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ аз ҷониби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода таомҳои миллии  тоҷикӣ ба намоиш гузоша шуданд.

«Мақсади  асосии баргузории чунин як фестивал, шиносоӣ бо ҳамдигар, ривоҷи дӯстию ҳамкорӣ ва муаррифии санъату анъанаҳои миллии кишварҳои хориҷию мардуми Тоҷикистон ва таблиғи инсонпарварию эҳсонкорӣ мебошад »- гуфт, Ҷамшед Ҳамроев.

Ба иттилои мудири маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, он маблағҳое, ки дар  Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ  ба даст меоянд, ба  мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ хайр карда мешаванд.

Май 20, 2017 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд