Имрӯз дар «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ доир гардид. Дар фестивали мазкур тамоми сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе иштирок намуда, расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.
Тавре Ҷамшед Ҳамроев — мудири маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, дар Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ аз ҷониби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода таомҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузоша шуданд.
«Мақсади асосии баргузории чунин як фестивал, шиносоӣ бо ҳамдигар, ривоҷи дӯстию ҳамкорӣ ва муаррифии санъату анъанаҳои миллии кишварҳои хориҷию мардуми Тоҷикистон ва таблиғи инсонпарварию эҳсонкорӣ мебошад »- гуфт, Ҷамшед Ҳамроев.
Ба иттилои мудири маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, он маблағҳое, ки дар Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ ба даст меоянд, ба мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ хайр карда мешаванд.


















Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






