Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 31 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона -2+3 дараҷа ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар манотиқи кӯҳӣ шабона борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ва ғубор дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар манотиқи кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 30-32 дараҷаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






