Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда боқӣ мемонад

Май 31, 2017 09:17

ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии Тоҷикистон,  имрӯз, 31 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар  назар аст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз   дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.     Дар ғарби вилоят    ҳаво  шабона  8-13  ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм ва  дар шарқи ин вилоят шабона -2+3  дараҷа   ва рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон    ҳавои   тағйирёбанда мешавад. Дар манотиқи кӯҳӣ  шабона борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ва ғубор дар назар аст.   Ҳарорати ҳаво   шабона  17-22   ва рӯзона  31-36  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар  манотиқи кӯҳӣ   боридани борон ва раъду барқ  дар назар аст. Дар водиҳо ҳаво  шабона 14-19    ва рӯзона 29-34  дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда,  дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12-17   ва рӯзона 28-33  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда  шуда,  гармии ҳаво шабона 13-15  ва рӯзона 30-32  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

 

 

Май 31, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа