Имрӯз дастаи «Истиқлол» бо «Хуҷанд» бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба анҷом мерасад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 20-21 май се бозии даври ёздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ барпо гардид. Дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро пеш аз панҷ дақиқаи хотимаи бозӣ ҳимоятгар Фирдавс Чақалов бо зарбаи сар ба ҳадаф расонд. Бозии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон — «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт.
Дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бозиро бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ҳисобро Комрон Турсунов, бозингари меҳмонон дар дақиқаи 46-ум кушод. Пас аз шаш дақиқа Шодибек Ғаффоров ҳисобро баробар намуд.
Бояд зикр кард, ки баъд аз ин бозӣ дар Чемпионати кишвар бинобар бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии дастаи мунтахаби кишвар бо дастаи мунтахаби Филиппин дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






