Интиқоли оби нӯшокӣ дар қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 майи соли равон «Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов» ба тасвиб расид.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр намуданд, ки бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2015 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии хиёбони Ҷ. Расулов (аз хиёбони Б. Ғафуров то кӯчаи Р. Набиев)», тибқи нақшаи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваққатан аз соати 8:00 рӯзи 15 то соати 8:00 рӯзи 16 майи соли 2017 интиқоли оби нӯшокӣ дар қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов қатъ мегардад.
Дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда дар хиёбони мазкур интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Сино, хиёбонҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, М. Шерализода, Абдулобеков, шаҳракҳои 15, 15 а ва 32 қатъ мегардад.
Аз истифодабарандагони об дар кӯчаву хиёбон ва шаҳракҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.
Тибқи қарори мазкур раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардиданд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин дар қарор омадааст, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






