Иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ
ДУШАНБЕ, 28.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Нахуст дар кори ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои вобаста ба рўзномаи кори он дар нишасти ҳайатҳои маҳдуд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир карда шуд.
Баррасии пурраи рӯзномаи ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ ва мубодилаи афкори самарабахши ҷонибҳо дар нишасти васеи ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа идома ёфт. Дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар маҷмуъ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 13 масъалаи муҳим муҳокима гардида, аз натиҷаҳои муҳокимаҳои онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар роҳбарони ҳайатҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро дар самти густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ иброз намуда, таъкид доштанд, ки маҳз дар асоси ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ба манфиат метавон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи Иттиҳод ноил гардид.
Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа ин шартнома дар бораи таъмини бехатарии роҳу нақлиёт дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2017-2019 буд. Ин шартнома такмили заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои тиҷоратӣ дар фазои ИДМ ва содироту воридоти молу маҳсулоти гуногунро фаро мегирад.
Дар ҷаласа доир ба нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои то соли 2020, Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар бораи омўзиш, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаҳои геодезия, харитасозӣ ва кадастраи замин, дар бораи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо истеҳсол ва тақсими маҳсулоти қалбакӣ, дар бораи Созишнома оид ба меъёрҳои техникӣ-ҳуқуқӣ, баҳодиҳии мутобиқат, стандартизатсия, метрология, аккредитатсия ва дар соҳаи энергетикаи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, доир ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра санадҳои дахлдор ба имзо расиданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






