Истеъмолкунандагон мебояд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунанд

Май 24, 2017 15:11

ДУШАНБЕ, 24.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти марказҳои  машваратӣ, ки дар назди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар амал менамоянд, дар ҷаласае, ки 24 май таҳти раёсати муовини сардори Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдусамад Саидмуродзода доир гардид, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон  дар доираи татбиқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», аз ҷониби Хадамоти  зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  шурӯъ аз соли 2015 дар 64 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои машваратӣ таъсис  дода шуданд. Самти асосии марказҳои машваратӣ  ба кам кардани санҷишҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва баррасии арзу муроҷиати истеъмолкунандагон, инчунин  ба танзим даровардани нархи молу маҳсулот дар бозори истеъмолӣ нигаронида шудааст. Аз 64 маркази  машваратӣ 25-тоаш дар вилояти Хатлон, 18-то дар вилояти Суғд, 13 адад дар ноҳияҳои тобеи марка, 7-то дар Бадахшон  ва як Маркази  машваратӣ дар Душанбе  фаъолият менамоянд.

Дар ҷаласа муовини сардори   Хадамоти  зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдусамад Саидмуродзода доир ба роҳҳои таҳкими фаъолияти марказҳои  машваратӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, баланд бардоштани фарҳанги  ҳуқуқии истеъмолкунандагон, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди марказҳои  машваратӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати   ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки имрӯз вақти он расидааст, ки маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон боло бурда шавад. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки истеъмолкунандагон дар аксар маврид аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намекунанд. Масалан дар воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии пойтахт дар аксар маврид истеъмолкунандагон 40 дирами бақияи роҳкирои худро аз ронандагон талаб наменамоянд, ё ҳангоми харидории дору аз дорухонаҳо, муроҷиат ба духтурон  нархнома намепурсанд,  ки ин раванд аз паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии  истеъмолкунандагон  шаҳодат медиҳад. Дар ин росто таъкид шуд, ки  бояд фаъолияти марказҳои машваратӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷоннок карда шуда,  барои фаъолияти густурдаи онҳо шароити зарурӣ, хусусан утоқҳои корӣ, телефонҳои боварӣ фароҳам оварда шаванд. Инчунин баррасии арзу муроҷиати истеъмолкунандагон дар сатҳи  зарурӣ ба роҳ монда шуда,  аз поймол гардидани ҳуқуқҳои онҳо  ҷилавгирӣ карда шавад. Зеро роҳи ҳалли масъала танҳо дар бастани ҷарима нест.

Дар ҷаласа ҳамзамон Акбар Хоҷаев, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин масъулони марказҳои машваратие, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии тобеи марказ фаъолият доранд,  доир ба роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, ҷилавгирӣ аз баланд гардидани нархи маҳсулот дар бозорҳо, хусусан дар моҳи Рамазон, такмили фаъолияти марказҳои  машваратӣ  ва дигар масъалаҳои марбут ба танзими нарх дар бозори истеъмолии кишвар ибрози назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Таъкид шуд, ки дари марказҳои машваратӣ бояд ҳамеша ба рӯи истеъмолкунандагон боз бошад.

Марзия САИДЗОДА

Май 24, 2017 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид