Иван Печишев ба журналистони тоҷик истифодаи дурусти сомонаҳои интернетии шабакаҳоро меомӯзонад

Май 25, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 25.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон дар мавзӯи «Истифодаи дурусти сомонаҳои интернетии шабакаҳо бо мақсади ҷалби бештари аудитория» машғулияти омӯзишӣ доир  гардид. Дар ин бора аз «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

Машғулияти омӯзиширо тренер Иван Печишев, дотсенти кафедраи журналистика  ва  коммуникатсияи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Перми Федератсияи Руссия, ки таҷрибаи бойи гузаронидани семинарҳои омӯзиширо дар кишварҳои ИДМ дорад,  доир намуд. Ҳамоиши омӯзишӣ ба хотири боло бурдани имконоти истифодаи захираҳои онлайнӣ баргузор карда шуд. Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»-и  Тоҷикистон барои пешбурди соҳаи рӯзноманигорӣ бо иштироки тренерони ватанию хориҷӣ  гузаронидани курсҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст.

Зикр шуд, ки дар курси мазкур намояндагони шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва мустақил иштирок намуда, барои сайқал додани маҳорати кор бо сомонаҳои интернетӣ ва захираҳои онлайнӣ дониши худро такмил медиҳанд.

Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»- и Тоҷикистон 1 марти  соли 2016 таъсис ёфта, ҳадафи он такмили ихтисос ва сайқали маҳорати кормандони ВАО мебошад.

 

 

 

Май 25, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд