Иван Печишев ба журналистони тоҷик истифодаи дурусти сомонаҳои интернетии шабакаҳоро меомӯзонад
ДУШАНБЕ, 25.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон дар мавзӯи «Истифодаи дурусти сомонаҳои интернетии шабакаҳо бо мақсади ҷалби бештари аудитория» машғулияти омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора аз «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Машғулияти омӯзиширо тренер Иван Печишев, дотсенти кафедраи журналистика ва коммуникатсияи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Перми Федератсияи Руссия, ки таҷрибаи бойи гузаронидани семинарҳои омӯзиширо дар кишварҳои ИДМ дорад, доир намуд. Ҳамоиши омӯзишӣ ба хотири боло бурдани имконоти истифодаи захираҳои онлайнӣ баргузор карда шуд. Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон барои пешбурди соҳаи рӯзноманигорӣ бо иштироки тренерони ватанию хориҷӣ гузаронидани курсҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст.
Зикр шуд, ки дар курси мазкур намояндагони шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва мустақил иштирок намуда, барои сайқал додани маҳорати кор бо сомонаҳои интернетӣ ва захираҳои онлайнӣ дониши худро такмил медиҳанд.
Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»- и Тоҷикистон 1 марти соли 2016 таъсис ёфта, ҳадафи он такмили ихтисос ва сайқали маҳорати кормандони ВАО мебошад.











Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






