Китобхонаҳои шаҳру навоҳии Хатлон ба шабакаи ягона пайваст мешаванд
ҚӮРҒОНТЕППА, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Китобхонаи оммавии вилоятии Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар шаҳри Кӯлоб барои китобдорон семинари вилоятӣ баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, семинари омӯзишии китобдорон барои роҳбарон ва мутахассисони ҷавони соҳаи китобдорӣ, ки бо технологияи замонавӣ фаъолият менамоянд, дар мавзӯи «Пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет, ташаккули фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва зарурати ташкили шуъба ва китобхонаҳои электронӣ дар назди китобхонаҳои марказӣ» роҳандозӣ гардид.
Ба иттилои манбаъ, минбаъд китобхонаҳои анъанавӣ бо китобхонаҳои электронӣ фаъолияти ҳамдигарро ба таври муштарак такмил медиҳанд.
Дар семинар 50 нафар китобдорон ва намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят дар минтақа иштирок намуда, пешниҳодҳои судманди худро манзур намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






