Китобхонаҳои шаҳру навоҳии Хатлон ба шабакаи ягона пайваст мешаванд

Май 31, 2017 09:22

ҚӮРҒОНТЕППА, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо  иқдоми  Китобхонаи  оммавии  вилоятии  Хатлон  ба  номи Шамсиддин  Шоҳин  дар шаҳри Кӯлоб  барои  китобдорон семинари вилоятӣ баргузор гардид.

Тавре  аз  шуъбаи  иттилоотӣ-таҳлилии  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон    ба  АМИТ  «Ховар» иттилоъ  доданд, семинари омӯзишии китобдорон барои роҳбарон ва мутахассисони ҷавони соҳаи китобдорӣ, ки бо технологияи замонавӣ фаъолият менамоянд, дар мавзӯи «Пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет, ташаккули фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва зарурати ташкили шуъба ва китобхонаҳои электронӣ дар назди китобхонаҳои марказӣ» роҳандозӣ гардид.

Ба  иттилои манбаъ,  минбаъд  китобхонаҳои анъанавӣ бо китобхонаҳои электронӣ фаъолияти ҳамдигарро ба таври муштарак такмил медиҳанд.

Дар семинар 50  нафар китобдорон ва намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят дар минтақа иштирок намуда, пешниҳодҳои судманди худро манзур намуданд.

 

 

Май 31, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа